Central AsianResearch Index

АНДЕШАҲОИ ФАЛСАФӢ, ИРФОНӢ ВА ИШҚӢ ДАР ЭҶОДИЁТИ РУСТАМ ВАҲҲОБЗОДА

Дар мақола афкори фалсафӣ, ирфонӣ ва ишқӣ дар эҷодиёти шоири муосири тоҷик Рустам Ваҳҳобзода баррасӣ мешаванд. Афкору андешаи фалсафию ирфонӣ дар ашъори бисёр шоирони классикӣ ва муосири адабиёти тоҷик ба чашм мерасад. Таъкид мешавад, ки сарфи назар аз он, ки ғояҳои фалсафӣ ва ирфонӣ дар эҷодиёти бисёре аз шоирони муосир мавҷуданд, маҳз дар шеъри Рустам Ваҳҳобзода онҳо ҷои махсусро ишғол мекунанд. Рустам Ваҳҳобзода оиди ин мавзуъҳо андешаю офаридаҳои зиёде эҷоду таълиф намудааст, ки аз аҳамият холӣ нестанд. Шеъри ӯ пур аз мулоҳизаҳо дар бораи ишқи илоҳӣ, дар бораи ҷои инсон дар ҷаҳон, дар бораи масъалаҳои абадии ҳастӣ мебошад. Муаллиф аз шеърҳои Рустам Ваҳҳобзода , ки дар он ба мавзуъҳои имон, ишқ , марг, таъйини инсон руҷуъ мекунад, мисолҳои зиёд меорад. Маҷоз ва образҳои офаридаи шоир , ки дар онҳо назарҳои фалсафӣ ва ирфонии ӯ мавҷуданд, таҳлил карда мешаванд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 1 (114)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни