АНДЕШАЊО ДОИР БА РУШДИ МАФКУРАИ СОЛИМИ МИЛЛЇ ВА МУЌОВИМАТ БО ИФРОТГАРОИИ ДИНЇ
Муаллифони маќолаи мазкур бо истифода аз сарчашмањо ва адабиёти илмї кўшиш кардаанд, то роњњои пешгирї аз суиистифодаи ѓаразноки дин бо маќсадњои сиёсиро, ки дар замони љорї ба омили асосии рушди экстремизму терроризм ва падидањои дигари хатарнок табдил ёфтааст, муайян кунанд. Бинобар њамин, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон принсипи дунявиятро њамчун асоси сиёсати давлатї эълом намудааст, ки тибќи он њељ як мафкура наметавонад дар љомеа ба њайси як идеологияи яккањукмрон вуљуд дошта бошад. Ба ибораи дигар, дар давлати демократию дунявии њуќуќбунёд, намояндагону пайравони њама гуна мафкурањо, дину мазњабњо, њизбњои сиёсї, иттињодияњои љамъиятию гурўњњо ва ќишрњои иљтимої њамчун узви як љомеаи ягонаи миллї, њуќуќу вазифањои баробари шањрвандї доранд ва њељ яке аз онњо бар дигарон бартарият надорад. Аз ин нуќтаи назар, мафњуми « мафкураи миллї » мафњуми куллї мебошад, ки њама гуна мафкурањои дар љомеа мављудбударо дар бар мегирад. Мафкураи солими миллї аз тариќи бо њам созиш кардану ба манфиатњо ва арзишњои миллию давлатї мутобиќ шудани мафкурањои гуногуне, ки дар љомеа мављуданд, ташаккул меёбад. Дар маќола бархе масъалањои марбут ба ташаккули мафкураи солими миллї тањлилу баррасї шуда, дар ин замина тавсияњои мушаххас пешнињод шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 4 (56)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2412-141X
- Издатель
- Академия Министерства внутренних дел Республики Таджикистан