Central AsianResearch Index

ЉАНБАЊОИ НАЗАРИЯВЇ ВА МЕТОДОЛОГИИ МАФЊУМИ САРМОЯГУЗОРИИ ХОРИЉЇ

Мақолаи мазкур ба баррасии моҳият ва мазмуни мафҳуми сармоя ва сармояи хориљї бахшида шуда, дар он мафҳуми сармоя ва сармоягузорї , шакл ва намудҳои ҳаракати байналхалқии сармоя тањлил гардидааст. Асосҳои назариявию методологии “ сармоя ” ва “ сармоягузорї ”, мазмуну фаҳмиши мафҳуми “ сармоягузории хориљї”, нуқтаҳои назари олимон оид ба сармоягузорї , ҳаракати байналхалқии сармоя , гурўҳбандии сармояи хориљї вобаста ба аломату хусусиятҳои гуногун мавриди баррасї қарор гирифтааст, ки унсури бунёдии фаъолияти сармоягузорї ба ҳисоб мераванд. Инчунин, таҳлили нуқтаи назари мактабҳо ва олимони гуногуни илми сиёсию иқтисодї нисбати раванди омўзиши механизми љалби сармояи хориљї ба иқтисоди миллї баррасї гардидааст. Гуфта мешавад, ки фаъолияти сармоягузорї яке аз омилҳои пешбарандаи рушди иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Љалби сармоя ба иқтисодиёти тамоми мамлакатҳо авлавият дорад, зеро он ба рушди иқтисодї такони љиддї мебахшад.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 4.2 (34)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет