ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТАЪСИРИ ИННОВАТСИЯИ ЭКОЛОГӢ БА РУШДИ УСТУВОР
Ҷанбаҳои назариявии таҳия ва ҷорӣ намудани навовариҳои экологӣ баррасӣ ва мавриди омӯзиш қарор дода шуда, бартариҳои татбиқи онҳо ва монеаҳои ташкилотҳои дар ин соҳа фаъолияткунанда номбар шудаанд. Қайд карда мешавад, ки экоинноватсия ба рушди қобилияти соҳибкорон ва истеъмолкунандагон ба эҷодкорӣ дарёфти роҳҳо ва технологияҳои нави коҳиш додани ифлосшавӣ ва оқибатҳои он нигаронида шудааст, ки метавонад дар оянда хароҷоти экологиро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Намудҳои гуногуни навовариҳои экологӣ, аз қабили технологияҳои “сабз ”, манбаъҳои барқароршаванда дар амалия баррасӣ гардидаанд. Зарурати ҳамгироии экоинноватсия дар нақшагирии стратегӣ ва сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо, инчунин аҳаммияти ҳамкории бахшҳои давлатӣ, хусусӣ ва илмӣ барои ноил шудан ба рушди устувор қайд карда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 102, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП