ЉАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИИ РАВАНДИ ИДОРАКУНИИ ТАЪМИНОТИ ЗАХИРАВИИ РУШДИ ИЌТИСОДИ МИЛЛЇ
Дар мақола ҷанбаҳои назариявии раванди идоракунии таъминоти захиравии рушди иқтисоди миллӣ ва сатҳи минтақавӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар мақола қайд карда мешавад, ки раванди идоракунии таъминоти захиравии рушди иқтисоди миллӣ, махсусан, иқтисоди минтақавӣ аз мавҷудияти захираҳои иқтисодии мавҷуда, яъне иқтидори иқтисодӣ вобастагии калон дорад. Омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни назариявӣ ошкор сохт, ки аз дараҷаи самаранокии истифодаи иқтидори захиравӣ рушди иҷтимоию иқтисодии сатҳи иқтисоди миллӣ ва минтақавӣ вобастагии калон дорад ва равандҳои идоракунии таъминоти захиравӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи механизми идоракунии рушди иқтисодии минтақа баромад намуда, аз захираҳои гуногун иборат аст ва сохтори мукаммали рушди иқтисодиро дар сатҳи минтақавӣ нишон медиҳад. Дар баробари ин, имкониятҳои иқтисодӣ ҳам дар шакли иқтидори истифодашуда ва ё дар ихтиёрдошта дараҷаи таъминнокии захиравии рушди иқтисодиро муайян менамоянд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 2 (26)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет