ЉАНБАЊОИ НАЗАРИЯВИИ АМНИЯТИ МОЛИЯВЇ ЊАМЧУН ЉУЗЪИ ТАРКИБИИ АМНИЯТИ ИЌТИСОДИИ ДАВЛАТ
Мақолаи мазкур ба баррасии амнияти молиявї ҳамчун љузъи таркибию муҳимми амнияти иқтисодї бахшида шудааст. Амнияти иқтисодї бошад, дар ҷаҳони муосир ҳамчун як љанбаи амнияти миллї торафт мубрамтар гардида, бо дарки робитаи мустақими байни амнияти иқтисодї ва амнияти љамъиятї, мутахассисон роҳҳои нави ворид кардани масъалаҳои молиявиро ба стратегияҳои ҳимояи манфиатҳои миллї љустуљў мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз, дар санадҳои барномавии рушди љумҳурии мо, илова ба вазифаҳои стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодї, инчунин, масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти молиявї , аз қабили нигоҳ доштани сатҳи пасти таваррум, таъмини устувории низоми бонкї, рушди низоми молиявї ва таъмини мутавозинии буљети давлат, пурзўр кардани фаъолияти сармоягузорї гузошта шудааст. Бо назардошти ин гуфтаҳо, мақола љанбаҳои назариявию методологии таъмини амнияти иқтисодї ва унсури таркибии он – амнияти молиявиро мавриди баррасї қарор медиҳад.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 4.1 (33)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет