Central AsianResearch Index

ЉАНБАЊОИ МЕТОДОЛОГИИ РУШДИ МАКОНИИ ИЌТИСОДИЁТИ МИНТАЌАВЇ

Дар мақолаи мазкур љанбаҳои методологии рушди маконии иқтисодиёти минтақавї мавриди баррасї қарор дода шудааст. Муаллиф хусусиятҳои хоси тафсири аломатҳои макони иқтисодиро дар адабиёти иқтисодї љустуљў ва пайдо карда, онро дар шакли нақша гурўњбандї намудааст. Ќисмати дуюми мақола ба баррасии назарияҳои иқтисодиёти минтақавї вобаста ба макони иқтисодї бахшида шудааст. Дар ин қисмат дар шакли љадвали таҳлилї, муаллиф, назарияҳои “макони марказї”, “қутби рушд”, “минтақаҳои такягоњї ё 82 “марказ – канора”, “ назарияи неокейнсианї ”, “назарияи системаҳои рушди минтақавї”, “назарияи рушди минтақавии Р.Р. Мисра”, “назарияи стратегияи рушди мутавозин ва номутавозин”, “ стратегияи рушди минтақаҳо”, “назарияи рушди устувори минтақа”-ро баррасї намуда, тарафҳои мусбат ва манфї, љиҳатҳои сусту қавии онҳоро људо кардааст. Баъдан, зинанизоми (иерархияи) рушди маконии иқтисодиёти минтақавиро таҳия намуда, муаллиф љойгоҳи иқтисодиёти миллї ва минтақаҳои онро нишон додааст.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4.1 (29)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет