ҶАНБАҲОИ МЕТОДОЛОГИИ АРЗЁБИИ ФАЪОЛИЯТИ БИЗНЕС-СОХТОР ДАР РУШДИ СОҲАИ ИСТЕҲСОЛИИ МИНТАқА
Заминаҳои методологии баррасӣ ва арзёбии фаъолияти бизнес-сохторҳо дар бахши саноатӣ ба субут расидааст. Сабабҳои заъфпазирии он, ҳамчунин омилҳои сершумор барои арзёбии самаранокии фаъолияти бизнес-сохторҳо ва таъсири онҳо ба амалиёти оянда ошкор карда шудаанд. Равияҳои гуногуни методологӣ барои арзёбии самаранокии бизнес-сохторҳо дар низоми мушаххаси иҷтимию иқтисодӣ таҳлил карда шудаанд. Муносибати гуногун нисбат ба муайян кардани самаранокии кори бизнес-сохторҳо чун шарти муҳимми стратегияи рушд , самтҳои баланд бардоштани сифати маҳсулот, коркарди тадбирҳои дахлдор оид ба ангезиши кормандон, афзоиши сандуқи супоришҳо пешниҳод шудааст. Исбот карда шудааст, ки истифодаи усулҳои индексӣ ва эконометрии арзёбӣ барои муайян кардани самаранокии фаъолияти бизнес-сохторҳо дар соҳаи саноат қобили қабул мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 4 (89)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП