ҶАНБАҲОИ МЕТОДИИ АРЗЁБИИ ТАРАҚҚИЁТИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚАҲО
Ҷанбаҳои методии арзёбии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии минтақа баррасӣ шудааст. Усулҳо ва амсилаҳои мухталифи арзёбии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии минтақа низомбандӣ ва мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд. Усулҳои асосии арзёбии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии минтақа таҳқиқ ва нишондиҳандаҳои барои арзёбӣ муҳим баррасӣ ва низомбандӣ шудаанд. Дар таҳқиқ механизми арзёбии тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа бо назардошти вижагиҳои хоси иқтисодиёти минтақаҳои кишвар пешниҳод шудааст. Механизми пешниҳод гардида дар амалияи фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатии идоракунии минтақа ва ҳудудҳои он барои арзёбии тарақиёти иҷтимоию иқтисодӣ муҳим мебошад. Ҷиҳати такмили ҷанбаҳои меъёрии тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод гардидаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 3 (92)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП