ҶАНБАҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОДИРОТИ МОЛУ ХИЗМАТҲО ДАР ШАРОИТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақолаи илмӣ асосҳои институтсионалии дастгирии давлатии содироти молу хизматҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Ба омӯзиши мафҳуми содирот ва дастгирии интитутсионалӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сатҳи содирот дар марҳилаҳои гуногуни давраи муайян таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Заминаҳои ҳуқуқии танзим, инчунин ҷанбаҳои институтсионалӣ омӯхта шуда, таъсири онҳо ба ҳаҷми содироти молу хизматҳо оварда шудааст. Воситаҳои татбиқшаванда таҳлил гардида, таъсири иштироки Тоҷикистон дар СУС ва савдои озоди ҷаҳонӣ ба либерализатсияи тиҷорат ва диверсификатсияи иқтисоди миллӣ баррасӣ шудааст. Институтҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва институтҳои таъмини молиявии низоми дастгирии содироти молу хизматҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ карда шуда, пешниҳод гардида аст, ки дар сатҳи институтсионалӣ зарурати таҳияти механизми дастгирии давлатии содироти молу хизматҳо ба миён омадааст, ки он бояд дар шароити бозор, савдои хориҷӣ ва мутобиқ ба санадҳои меъёрӣҳуқуқии чӣ дохилӣ ва байналмиллалӣ, аз ҷумла СУС таҳия карда шавад.
Сведения
- Журнал
- Economy of Tajikistan
- Опубликовано
- 2026 · Т. 1, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2310-3957
- Издатель
- Институт экономики и демографии Национальной академии наук Таджикистана