Central AsianResearch Index

ҶАНБАҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА ПРАГМАТИКИИ МАТНИ ВАО

Дар мақолаи мазкур яке аз мавзуъҳои муҳими муосир -прагматикаи медиаматн мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Дар замони муосир яке аз мавзуҳои асосӣ қарор гирифтани ҷанбаҳои прагматикии медиаматнҳо бори дигар нақши бузурги ВАО-ро дар ташаккули ҳусни баён ва муоширати истеъмолкунандагони иттилоот - хонандагон, шунавандагон ва тамошобинон тасдиқ мекунад. Рӯзноманигорони ҳам расонаҳои чопӣ ва ҳам расонаҳои телевизионӣ бояд моҳияти объективии равандҳоеро, ки дар ибтидои асри XXI дар забони тоҷикӣ ба амал меоянд, эътироф намуда, ба вайроншавии меъёрҳои имлоӣ ва орфоэпӣ, омехташавии услубҳо, тағйироти лексика ва грамматика роҳ надиҳанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан