АМНИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАРОИТИ НАВИ ГЕОПОЛИТИКӢ
Дар мақола масъалаҳои мухталифи алоқаманд ба амнияти байналмилалӣ ва махсусиятҳои он вобаста ба вазъияти нави геополитикии олам мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, таъкид мегардад, ки дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI вобаста ба таъсири омилҳои гуногуни хусусияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалидошта дар олам дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Муаллиф қайд менамояд, ки поён ёфтани “ ҷанги сард”, аз байн рафтани рақобати оштинопазир байни ду системаи сиёсии ба ҳам зид боиси ташкил ёфтани иттиҳоди ягонаи устувори байналхалқӣ нагардид. Дар муносибатҳои байналмилалӣ зиддиятҳо ва мушкилиҳои нав ба вуҷуд омаданд. Дар баробари ҷаҳонишавӣ рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ба яке аз омилҳои асосии таъсиргузори рушди ҷомеаи башарӣ табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Доираи васеи мушкилоти бавуҷудомада, вазъияти амнияти байналхалкиро ноустувор ва номуайян гардонид.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан