Historian, 2025, № 1 (41)
АМИРОНИ ЧӮПОНӢ
Аннотация · Abstract
Дар мақола дар бораи ҳукмронии амирони Чӯпонӣ, ки солҳои 30-50-уми асри XIV дар ҳудуди давлати Элхониҳо фаъолият доштанд, сухан меравад. Аз ҷумлаи амирони маъруфи Чӯпонӣ бародарон амир Шайх Ҳасани Кучак ва амир Малик Ашраф ба шумор мерафтанд, ки онҳо фарзандони амир Темуртош писари амир Чӯпон буданд. Шайх Ҳасани Кучак соли 1343 аз ҷониби завҷааш ба ҳалокат расонда мешавад, ки он замон амир Малик Ашраф дар Форс буд. Ӯ хабари қатли бародарашро шунида, озими Озарбойҷон мешавад ва бар душманони худ ғолиб омада, ҳокимиятро ба даст мегирад. Ӯ амирон ва ашхоси маъруфи дигарро, ки бо ӯ мухолифат доштанд, ба қатл расонда, нисбати аҳолӣ зулми зиёд менамояд. Бедодгарии ӯ то дараҷае мерасад, ки мардум барои имдод ба ҳокими Дашти Қипчоқ Ҷонибекхон муроҷиат менамоянд ва ӯ ба Озарбойҷон лашкар кашида, Малик Ашрафро ба қатл мерасонад ва бо ҳамин ҳукмронии амирони Чӯпонӣ ба анҷом мерасад.
Сведения · Details
- Журнал · Journal Historian
- Язык · Language таджикский
- Цитирования (Crossref) · Citations 0