ҲАМГИРОИИ ИЛМУ МАОРИФ ВА ИДОРАКУНИИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ДАР ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ МУОСИРИ ҶАҲОНӢ
Дар мақолаи мазкур оид моделу системасозии навини таълимоти бефосилаи касбӣэлектрониро дар менеҷменти муосири байналмилалӣ, роҳбарии стратегии ҳайати кормандон хамчун асоси рушди устувори менеҷменти байналмилалӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, идоракунии молиявӣ ва сармоягузорӣ ва ташкили ҳамкориҳои илмӣ техникӣ ва рушди технологӣ, роҳбарии зиддибуҳронӣ ва сармоягузорӣ, инчунин рушди системаҳои инноватсионии рақобатпазирӣ дар идоракунии менеҷменти ширкатҳои байналмилалӣ, ташаккули менеҷменти муосири заҳнӣ дар ин мақола пурра оварда шудааст. Хушбахтона, мо стратегияи рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҳамчун ҷараёни фарҳанги азхудкунии эҷоду кашфиёти навин ва сарватшиносиву созандагии олии зеҳнии касбӣ дар идоракунӣ шинохта, онро механизми доштани мақсадҳои бузурги фарҳангии касбӣ ҳунарӣ, лоиҳавӣ, системаву модели бамақсадрасӣ, барномаву нақша ва ҳамкору шарикони рушду истеъмолкунандаву таъминкунандаи менеҷменти муосири касбӣ дар шароити иқтисоди глобалии бозори ҷаҳонӣ барои имрӯзу фардои ҷомеаи инсонӣ номидаем. Вобаста аз ин, барои ташаккули стратегияи навини фарҳангии идоракунӣ дар менеҷменти муосири асри XXI зарурати тарзу усул ва методу методологияи инноватсионии соҳаи иҷтимоӣ, омӯзишӣ, ташкилӣ ва роҳбарии стратегии фарҳангии рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ба майдон омадааст, ки аз тарзи анъанавӣ куллан фарқ мекунад
Сведения
- Журнал
- Economy of Tajikistan
- Опубликовано
- 2026 · Т. 1, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2310-3957
- Издатель
- Институт экономики и демографии Национальной академии наук Таджикистана