Central AsianResearch Index

ҲАМБАСТАГӢ ВА ТАФОВУТИ «НАФАҲОТ-УЛ-УНС » БО ДИГАР МАНОБЕИ ИРФОНӢ

Ҳамбастагиву тафовути «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ил-қудс»-и Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ бо се сарчашмаи муътабари ирфонӣ, ки ба забони тоҷикӣ таълиф гардидаанд, амсоли «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Абулҳасани Ҳуҷвирӣ, «Табақот-ус-сўфия»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва «Тазкират-ул-авлиё»-и Шайх Аттори Нишопурӣ баррасӣ гардидааст. Ҳамбастагиву фарқияти асарҳои зикршударо ба таври муқаддимотӣ аз рўйи сохтор , теъдоди ҳолномаҳои сўфиён, кўтоҳию тафсили баён, баҳра ҷустани Ҷомӣ аз матолиби назарии ирфонии муаллифони пешин тадқиқ намуда, инчунин сабабҳову зарурати эҷоди «Нафаҳот-ул-унс»-ро бо далелҳо собит кардашудааст. Дар маҷмўъ, аз мақола манзараи умумии робитаи фикриву амалии муаллифону мусаннифони кутуби маъруфи сўфия равшан ба назар мерасад.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 92, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП