АМАЛИШАВИИ ФУНКСИЯҲОИ ДАВЛАТ ҲАМЧУНАСОСИ ТАҲКИМИ СОҲИБИХТИЁРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Тарзҳои амалӣ гардидани функсияҳои давлат чун асоси таҳкими соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ғояҳои илмии муосири соҳаи назарияи ҳуқуқ ва давлат мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Зикр шудааст, ки бо дарназардошти афзоиши таҳдидҳо ва хатарҳои глобалӣ амалишавии функсияҳои давлат муҳим буда, яке аз ҷузъҳои муҳимми таъмин ва ҳифзи соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии давлат ба ҳисоб меравад. Нуқтаҳои назари олимони хориҷӣ ва ватанӣ дар бораи мафҳум, намудҳо, шаклҳои амалишавии функсияҳои давлат ва нақши онҳо дар таҳкими соҳибихтиёрии давлат баррасӣ шудааст. Таъкид гардидааст, ки таснифи функсияҳои давлат ба дохилӣ, хориҷӣ ва омехта бештар ба мақсад мувофиқ аст. Ба функсияҳои омехтаи давлат функсияҳои мудофиавӣ, экологӣ, иттилоотӣ дохил мешаванд. Ҳар як функсияи давлат бо истифода аз шаклҳои ҳам ҳуқуқӣ (фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, иҷрои ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқӣ ва ғайра) ва ҳам шаклҳои ташкилӣ (тартиб додани лоиҳаи қонун, даъвати ҷаласаи парламент, ташкили овоздиҳӣ ва ғайра) амалӣ гардонида мешавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 102, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП