Central AsianResearch Index

АЪЛОХОН АФСАҲЗОД – МУҲАҚҚИҚИ ОСОРИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Дар мақола саҳми адабиётшиноси маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод дар омӯзиши зиндагӣ ва эҷодиёти шоири классики форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баррасӣ мешавад. Дар рӯдакишиносӣ устод А. Афсаҳзод дар сафи олимони давраи дуюми муосири тоҷик қарор гирифтааст. Ӯ аз муҳаққиқону пажӯҳишгарони хушсалиқаи рӯзгори мост, ки дар риштаҳои мухталифи адабиёти классикии форс-тоҷик саҳми босазо дорад. Қайд карда мешавад, ки А. Афсаҳзод, бо такя ба доираи васеи манбаъҳо, аз ҷумла ба осори ҳамзамонони Рӯдакӣ ва инчунин таҳқиқотҳои навтар, андешаҳои бикреро роҷеъ ба бисёр масъалаҳои баҳсбарангез, ки ба зиндагӣ ва эҷодиёти шоири бузург дахл доранд, пешниҳод мекунад. Афсаҳзод на танҳо дар омӯзиши эҷодиёти Рӯдакӣ саҳм гузоштааст, балки як зумра пажӯҳишгарони ҷавонро низ тарбия кардааст, ки дар соҳаи рӯдакишиносӣ бомуваффақият кор мекунанд. Дар охири мақола муаллиф ба хулоса меояд, ки таҳқиқоти анҷомдодаи Афсаҳзод як марҳилаи муҳим дар омӯзиши мероси Рӯдакӣ буда, барои рушди адабиёти форсу тоҷик аҳамияти калон дорад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 1 (114)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни