Central AsianResearch Index

ҲАЛЛИ АНАЛИТИКИИ МУОДИЛАҲОИ БИКВАДРАТИИ ТАРТИБИ ОЛӢ, БО РАДИКАЛҲО

Дар мақола масъалаҳои ҳалли аналитикии муодилаҳои биквадратии тартиби олӣ бо радикалҳо дар маҷмуи ададҳои комплексӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Муаллиф хусусиятҳои муодилаҳои квадратӣ ва биквадратиро дар ҳолате, ки дискриминант манфӣ мебошад, таҳлил намуда, зарурати истифодаи ададҳои комплексиро барои ёфтани решаҳо асоснок менамояд. Бо истифода аз формулаҳои зарби мухтасар , усули ҷудо намудани квадрати пурра ва паст намудани тартиби муодила, роҳҳои ҳалли муодилаҳои биквадратии нопурра, пурра ва ғайристандартӣ нишон дода шудаанд. Мисолҳои мушаххаси муодилаҳои дараҷаҳои сеюм, чорум, шашум ва ҳаштум бо таҳлили пурраи решаҳо дар шакли аналитикӣ пешниҳод гардидаанд. Ҳамчунин, татбиқи ин усулҳо дар ҳалли системаҳои муодилаҳо ва муодилаҳои дифференсиалии хаттӣ бо коэффитсиентҳои доимӣ баррасӣ шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки истифодаи усулҳои классикии алгебравӣ дар якҷоягӣ бо назарияи ададҳои комплексӣ имконияти ҳосил намудани формулаҳои омода ва дақиқро барои ҳалли чунин синфи муодилаҳо фароҳам меорад. Аҳамияти амалӣ ва таълимии мавзӯъ барои хонандагони синфҳои равиянок, донишҷӯён ва омӯзгорони фанҳои дақиқ махсус таъкид шудааст.

Сведения

Опубликовано
2026 · № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан