“АЛ-ВИСОТАТУ БАЙНА-Л-МУТАНАББӢ ВА ХУСУМИҲӢ”-И ҚОЗИИ ГУРГОНӢ ВА САБАБҲОИ ТАЪЛИФИ ОН
Ташаккул ва густариши илми нақд , ки яке аз илмҳои нахуст дар адабиёти Арабу Аҷам ба шумор меравад, дар ҳудуди Эронзамин умуман ва дар ҳавзаи адабии Гургон махсусан мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин, дар бораи аввалин асарҳои таълифшуда, ки дар илми мазкур ҳамчуни сарчашма ҳисоб мешаванд, маълумоти умумӣ дода шудааст. Дар робита бо ин дар бораи китоби “ал-Висотат...”-и Қозии Гургонӣ, сабаби таълифи асар, сарчашмаҳои он ва ғайра маълумот оварда шудааст. Зикр гардидааст, ки доир ба сабаби таълифи китоби “ал-Висота...” -и Қозии Гургонӣ байни муҳаққиқон ихтилофи ороъ ба мушоҳида мерасад. Баъзе олимон бар онанд, ки Қозӣ китобашро дар радди рисолаи маъруфи Соҳиб ибни Аббод ва дигарон дар бораи нуқсонҳои шеъри Мутанаббӣ навиштааст. Олимони дигар таъкид мекунанд, ки фазои интиқодии адабиёти давр Қозии Гургониро ба таълифи асар водор сохтааст. Ҳамчунин олимон изҳори ақида кардаанд, ки омили асосии таълифи китоби Қозии Гургонӣ ихтилофи адибону мунаққидон нисбат ба шеъри куҳан ва муосир мебошад. Таъкид шудааст, ки Қозӣ бо асараш дар илми нақд дарвозаи наверо боз кардааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 104, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП