АКСУЛАМАЛҲОИ ПСИХОЛОГИИ НАВРАСОН БА ТАЛОҚИ ВОЛИДАЙН
Дар оилаҳое, ки танҳо никоҳ доранду дар мақомоти асноди ҳолати шаҳравандӣ қайд нашудаанд ва оилаи дуюм мебошанд, кӯдак дар ин гуна ҳолатҳо дар муқоиса бо кӯдакони дигар оилаҳои нопурра дар ҳолати ногувортарини иҷтимоию психологӣ қарор мегиранд. Набудани падар ва маълумоти муҳим дар бораи метавонад боиси вайроншавии (деформатсияи) хислатҳои шахсият, аксуламалҳои рафторӣ ва эмотсионалӣ гарданд. Ҳамзамон, дар оилаи нопурра раванди муайянкунии ҷинсии наврасписарон ва наврасдухтаронро метавон мушоҳида намуд, ки ба қадри зарурӣ шакл намегирад. Шаклгирии нишонаҳои занонаи характер дар наврасписарон ва «рафтори ҷубронкунандаи мардонагӣ» дар наврасдухтарон, ҳамзамон, омӯхтани малакаҳои муошират бо намояндагони ҷинси муқобил барои ин гурӯҳи синнусолӣ (наврасон) мушкилтар мегардад ва эҳтимолияти баланди ташаккули дилбастагии аз ҳад зиёд ба модар имконпазир мегардад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан