Central AsianResearch Index

АКАДЕМИК РАҲИМ МАСОВ ВА МАСОИЛИ НАЗАРИЯВИИ ТАЪРИХНИГОРИИ МИЛЛӢ

Усулҳои асосии методологии фаъолияти илмии академик Раҳим Масов таҳлил шудаанд, ки дар ташаккули таърихнигории тоҷик ҳамчун мактаби мустақили илмӣ нақши калидӣ бозидаанд. Бо такя ба осори нашршудаи ӯ ва дар асоси равиши манбаъшиносӣ, муқаррароти муҳимми илмии муҳаққиқ — аз ҷумла талоши ӯ барои дарёфти мантиқи дохилии раванди таърихӣ, озод аз фишори идеологӣ — мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Таваҷҷуҳи махсус ба танқиди ӯ нисбат ба схематизми таърихнигории шуравӣ ва ҷустуҷӯи бознигарии нақши омили миллӣ дар таърихи Осиёи Миёна зоҳир мегардад. Р. Масов таърихро ҳамчун натиҷаи таҳлили муназзами сарчашмаҳо мешинохт, ки дар он тафсири илмӣ бар ҳар гуна ҳадафҳои муваққатии сиёсати хориҷӣ авлавият дорад. Инчунин аҳаммияти мероси илмии ӯ барои наслҳои минбаъдаи муҳаққиқон таъкид шудааст, ки идомаи таҳқиқоти таърихиро дар давраи пасошӯравӣ, аз ҷумла дар доираи фаъолияти Институти таърих , бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ таъмин менамоянд.

Сведения

Опубликовано
2025 · Т. 103, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП