АКАДЕМИК НУЪМОН НЕЪМАТОВ ВА КАШФИЁТИ РАМЗИ РИМ ДАР УСТРУШАНА
Яке аз кашфиётҳои нодири асосгузори илми бостоншиносии миллии тоҷик, дастпарвари мактаби маъруфи ховаршиносию бостоншиносии Ленинград (Санкт-Петербург) Н.Неъматов – « модагурги капитолӣ » – рамзи Рим дар Бунҷикат (Уструшана) таҳлил шудааст. Зикр мегардад, ки ин бозёфт хеле нодиру ҳайратангез буда, назири он дар ҷои дигаре ёфт нашудааст. Оид ба таърихи пайдоиши ривоят дар хусуси ҳимояю парастиши фарзанди инсон аз ҷониби модагург, мавҷудияти ин ривоят дар қиссаю афсонаҳо, асотир , адабиёти хаттию шифоҳии мардумони Шарқу Ғарб маълумот оварда шудааст. Дар асоси таҳлили таълифот ва андешаҳои академик Н.Неъматов чунин хулоса шудааст, ки тасвири манзараи модагурги капитолӣ дар Бунҷикат маҳсули асотир , фалсафа , санъат ва эъҷодиёти мардуми маҳаллӣ –уструшаниёни қадим мебошад. Таъкид гардидааст, ки сюжети модагурги ба кӯдакон ширдиҳанда аз сарзамини Эрони қадим аввал дар байни этрускҳои Осиёи Сағир паҳн шуда, дертар баъди ҳиҷрати онҳо ба Италия (тибқи маълумоти Ҳеродод) дар ин сарзамин густариш ёфтааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 100, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП