Central AsianResearch Index

АГЕНТИИ СИЁСИИ РОССИЯ ВА ИСЛОҲОТИ БУХОРО

Сухан дар бораи таъсир ва дахолати Агентии сиёсии Россия ба ҳаёти сиёсии Аморати Бухоро , бахусус нақшу мавқеи ин ниҳод нисбат ба ислоҳот дар аморат рафта, бо мисолҳои мушаххас мавқеи духура, зиддидемократӣ ва душманонаро ишгол кардани он собит карда шудааст. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ Аморати Бухоро яке аз давлатҳои гайримустацил, қафомондаю истибдодии Осиёи Миёна маҳсуб меёфт. Баъди вассали Россияи подшоҳӣ гаштани он дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии аморат дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Вале тарзи қафомондаю мустабидаи идоракунии сулолаи Манғития ва муқобилияти сарсахтонаи қувваҳои иртиҷоӣ, хусусан муллоҳои ҷоҳилу мутаассиб монеаи асоси рушду тараққиёти минбаъдаи кишвар гардида буд. Нерӯҳои солимфикр, маорифпарварон, ҷадидон-тараққихоҳон зарурати гузаронидани ислоҳотро эҳсос намуда, ба муқобили режими мавҷуда ба майдон даромаданд. Россияи подшоҳӣ зимоми ислоҳотро ба дасти худ гирифта, ҷараёни онро мулоиму муътадил гардониданӣ шуд. Ҳамчунин мавқеи номуайян, муносибати духӯра ва баъзан душманонаи Агентии сиёсии Россия дар таҳияи лоиҳаи ислоҳот (ки ниҳоят танҳо дар когаз монда, амалӣ нагашт), истиқболи гарми ҷадидон аз он ислоҳот ва натиҷаи фоҷеабори он қайд мегардад. Веле амиру ҳукуматаш бо такя ба қувваҳои иртиҷоию муҳофизакор ба муқобили ислоҳотхоҳон баромаданд ва дар заминаи зиддияти байни ин қувваҳои оштинопазир фоҷиаҳои зиёде рух доданд.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (89)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП