Central AsianResearch Index

ҒАФУР БОБОЕВ – АСОСГУЗОРИ НАЗАРИЯИ АДАДҲО ДАР ТОҶИКИСТОН

Ғафур Бобоев асосгузори назарияи ададҳо дар Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти илмӣ ва педагогӣ дар рушди илми математика нақши муҳимро бозидааст. Дар мақола ҳаёт ва фаъолияти илмии мавсуф, ки дар таҳқиқоти самти назарияи ададҳо ва алгебра кору пешрафтҳои беназиреро ба вуҷуд овардааст, баррасӣ мегардад. Ӯ дар омӯзиши муодилаҳои диофантӣ , тақсимшавии ададҳои бутун дар сатҳҳои мухталиф ва дигар бахшҳои назарияи ададҳо ба натиҷаҳои илмии назаррас даст ёфтааст. Мавсуф бо таъсиси мактаби назарияҳои ададҳо дар Тоҷикистон, низоми муассисаҳои таълимӣ ва илмии ин самт саҳми ниҳоят муҳим гузоштааст. Бо ишора ба фаъолияти илмӣ ва ташкили мактаби илмии номбурда нишон дода шудааст, ки чӣ гуна як шахсияти фидоии илм бо меҳнати шабонарӯзӣ тавонист заминаи боэътимоди рушди илмии назарияи ададҳоро дар кишвар гузорад.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2025 · № 2 (42)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА