АФКОРИ МУТАФАККИРОНИ ФОРСУ ТОЉИК ДАР САМТИ СИЁСАТИ ПУЛЇ
Муаллиф дар маќолаи мазкур оид ба бузургии афкори мутафаккирони форсу-тољик оид ба сиёсати пулї, маќоми пул дар даврањои ќадим ва асрњои миёна, ки аз таърихи бою пурѓановати иќтисодии халќи тољик шањодат медињад, ёдовар шудааст. Муаллиф баръало ќайд кардааст, ки наќши асарњои мутафаккирони тољик ва, инчунин, таърихи тангањои пулии тољик дар тадќиќоти олимони хориљї хеле назаррас аст, алалхусус сиккашиноси рус П.И. Лерх, инчунин А. Каннингэм, Э. Њерсфелд, А. Бивар, В.Г. Луконин ва Р. Гёбл барин муаррихон ва нумимзатњо. Дар маќолаи мазкур масъалањои муомилоти пулї, ислоњоти пулї дар асрњои ќадим ва миёна, алалхусус доир ба моњият ва хусусиятњои муомилоти пулї, яъне тавофут ва гуногунї ва ќимати фарќкунанда доштани тангањо ва дирамњои баровардашуда, заробхонањои асримиёнагї, сикказании тангањо, инчунин, анљом додани пардохти хирољ бо тангањои мазкур мавриди омўзиш ќарор гирифтааст. Дар ин баробар, оид ба аз тарафи њокимони асримиёнагї пасту баланд кардани арзиши пул, аз сар гузаронидани буњрони вазнини муомилоти пулї, ки дар натиља, ба осеб дидани мардуми камбизоат оварда расонид, маълумот оварда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 2 (36)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет