Central AsianResearch Index

АФГОНИСТОН ДАР ДАВРАИРАЁСАТИ ПРОФЕССОР БУРҲОНИДДИН РАББОНӢ

Дар мақола давраи ба сари қудрат омадани Бурҳониддин Раббонӣ дар Афгонистон ва ҳукмронии ӯ, муборизаҳо ва муқовимат бо душманони давлатӣ, пайдоиши “Толибон”-у амалкардҳои гайрибашарии ин ҳаракати ифротӣ, ташкили “Ҷабҳаи муттаҳид” ва мубориза бо толибон, террори Аҳмадшоҳи Масъуд ва интиқоли қудрат мавриди таҳлили илмӣ қарор дода шудааст. Қайд мешавад, ки Афгонистон ҳамчун кишвари ҷангзада чанд даҳаи охири асри ХХ ва аввали асри ХХ1 наметавонад як низоме барои сулҳ ва осоиштагии мардум рӯй кор биёрад. Давлати Исломии Афгонистон баъд аз он, ки нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд дар 28 апрели соли 1992 вориди Кобул гардид ташкил ёфт ва аввалин раиси ин давлат дар асоси Паймони Пешовар С. Муҷаддадӣ таъйин шуд. Норизоиҳо аз роҳбарият ин давлат ва муқовиматҳои муҷоҳиддин, махсусан Г. Ҳикматёр нагузошт роҳбариро идома диҳад. Бурҳониддин Раббонӣ аз тариқи созиш ва мусолиҳа дар моҳи июни ҳамон сол ба сари цудрат омад. Дар соли 1993 Б.Раббонӣ Барномаи рушди давлатро муаррифи намуд. Пайдоиши “Толибон” ва ҳаракатҳои ифротию террористии дигар ба имкон надод, ки ҳадафҳои дар барнома пешбинишударо амалӣ созад. Дар сентябри 1996 толибон Кобулро гирифтанд. А.Масъуд “Ҷабҳаи муттаҳид” таъсис дод ва бо ин ҷараёни террористию экстремистӣ то ба шаҳодат муқовимат намуд. Дар соли 2000 навад дар сади Афгонистонро аз худ карда буданд, вале ҳамон дуст доштани Ватан ва иродаи мустаҳкам Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд буд, ки мубориза цатъ намегардид. Пас аз ҳодисаҳои 9-11 сентябри соли 2001 Амрико ва ҳампаймононаш толибонро аз Афгонистон поксозӣ намуданд ва дар тай як ҷаласа профессор Б.Раббонӣ цудратро ба Ҳ.Карзай интщол дод.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 2 (71)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова