АДАБИЁТИ МИЛЛӢ – ВОРИСИ АСЛИИ МАЪНАВИЁТИ МИЛЛӢ
Мақола ба масъалаҳои адабиёти миллӣ , нақши он дар ташаккули маънавиёти миллӣ , худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, инчунин робитаи он бо илм, фарҳанг ва ҷаҳонбинии илмӣ бахшида шудааст. Дар мақола таъкид мегардад, ки адабиёт, илм ва фарҳанг аз муҳимтарин омилҳои худшиносии миллӣ буда, бидуни онҳо идеали шахсият низ пешрав буда наметавонад. Муаллиф бар ин назар аст, ки адабиёт беҳтарин ва муҳимтарин воситаи шаклгирии ҷаҳонбинии воқеӣ-илмӣ мебошад ва тавассути таҳлили таҷрибаи инсонӣ, каломи бадеӣ аз илм дида, имкони бештари таъсиррасониро ба шуур дорад. Инчунин дар мақола масъалаҳои таърихи адабиёти тоҷик, нақши адибони бузург дар эҳёи маънавиёти миллӣ , вазъи имрӯзаи адабиёт ва зарурати тарбияи насли нави адибон, ки дорои биниши миллӣ, адабӣ ва фалсафӣ бошанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар охир муаллиф хулоса менамояд, ки адабиёти қудратманд ҷуръат ва ҷасорати иҷтимоӣ ва саранҷом шахсияти томи фарҳангӣ ва миллиро меофарад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 3 (116)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни