АДАБИЁТИ БАДЕӢ ВА ВИЖАГИҲОИ МЕТОДОЛОГИИ ПАЖӮҲИШИ ОН
Адабиёт ҳамчун ҳадафи маърифати илм роҷеъ ба эҷоди бадеӣ мавзуъҳои зиёди таҳқиқ, аз қабили аломату нишонаҳои адабиёт ва осори адабӣ, таҳаввули таърихии адабиёт ва динамикаи он, равобити байниҳамдигарии адабиётҳои миллӣ ва истиқболи дуҷонибаи падидаҳои гуногуни адабӣ, сарнавишти таърихии асарҳои адабӣ ва таъсири онҳо ба фарҳангҳои ғайр, раванди эҷоди худи каломи бадеъро дорад. Дар ин заминаҳо илмҳои бунёдии адабиётшиносӣ - назарияи адабиёт, таърихи адабиёт, адабиётшиносии қиёсӣ - таърихӣ ва функсионалию таърихӣ, таърихи эҷоди асари бадеӣ ва ғайраҳо амал мекунанд. Аз миёни улуми мазбур назария ва таърихи адабиёт ҷойгоҳи хосса доранд. Аз сохторҳои мухталифи назарияи адабиёт - функсионалӣ, гносеологӣ, мантиқӣ мазмуну муҳтаво арзишмандтар аст, зеро маҳз аз ҳамин мавқеъ сохтусоз ва таҷзияи дохилии худи эҷоди бадеӣ матраҳ мешавад. Инчунин дар мақола зарурати коркарди низоми категорияҳое зикр мешавад, ки боиси бунёди низоми мустақил - назарияи таърихи адабиёт ва ҳамчунин ташаккули таърихнигории таърихи адабиёт ҳамчун шохаи махсуси илм дар бораи адабиёт мегарданд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан