Central AsianResearch Index

АБДУЛЛОҲ ИБНИ ТОҲИР ВА ТАҚВИЯТИ ҲУКУМАТИ ТОҲИРИЁН ДАР ХУРОСОНИ БУЗУРГ

Муаллиф дар ин мақола роҷеъ ба марди доно, додгар ва маъруфтарин ҳокими Тоҳириён пас аз поягузори давлати Тоҳириён Тоҳир ибни Ҳусайн , Абдуллоҳ ибни Тоҳир сухан мекунад, ки пас аз падараш Тоҳир ибни Ҳусайн ва бародараш Талҳа ибни Тоҳир сеюмин ҳокими сулолаи Тоҳириён ба шумор меравад. Абдуллоҳ ибни Тоҳир пеш аз он ки ҳокими Хуросони Бузург таъйин шавад, бо фармони халифа соли 206 ҳ.қ./821-22 ҳокими Раққа ва Сурия , соли 210 ҳ.қ./825-26 ҳукмрони Миср таъйин шуда буд ва инчунин дар пахш кардани ошӯбҳо дар қаламрави хилофат нақши калидӣ мебозид. Азбаски Маъмун ба уҳдаи Абдуллоҳ ибни Тоҳир чунин масъулияти муҳимро вогузор кард, падараш, Тоҳир ибни Ҳусайн пас аз шаш моҳи ба Хуросон омадан, ба ӯ нома навишта, барои идораи давлат ва танзими умури мулки ба ӯ супоридашуда, масоили андозсупорӣ, муносибат бо умарову мардум ва ғайраҳо дастуру машваратҳои зарурӣ дод. Таърихномаҳои садаҳои миёна матни пурраи номаи Тоҳир ибни Ҳусайнро ба писараш Абдуллоҳ дар худ ҳифз карда, то рӯзгорони мо расонидаанд. Тоҳир ин номаро чун дастуруламале дар умури идории давлат ва кишвар ба писараш навиштааст, ки муаллифи мақола онро бар мабнои манобеи таърихӣ шарҳу тавзеҳ медиҳад. 15 июни соли 828 ҳокими Хуросони Бузург Талҳа ибни Тоҳир вафот кард ва бо маншури халифа ҳукумати ин сарзамин ба Абдуллоҳ иби Тоҳир дода шуд. Аммо халифаи Аббосӣ, Маъмун дар фиристодани Абдуллоҳ ба Хуросони Бузург аҷала намекард. Аз ин рӯ Абдуллоҳ бародараш Алӣ ибни Тоҳирро ҷойнишини худ дар умури идории Хуросони Бузург таъйин кард. Замони ҳукумати кӯтоҳмуддати Алӣ ибни Тоҳир дар Хуросони Бузург бо ҷанги хориҷиён гузашт, ки дар натиҷа дар яке аз набардҳо дар наздикии Нишопур Алӣ ибни Тоҳир кушта шуд. Баъд аз ин ҳодиса Абдуллоҳ моҳи раҷаби соли 215 ҳ.қ. / август-сентябри соли 830 ба Нишопур омада, бар зидди хавориҷ муборизаи беамон бурда, билохира онҳоро аз Хуросони Бузург берун намуд. Ӯ Нишопурро маркази давлати худ қарор дода, ҳарчанд номи халифаро дар хутбаи намози ҷумъа меовард ва ҳар сол бахше аз хироҷи Хуросони Бузургро ба дарбори хилофат мефиристод, аммо ба халифа иҷозати дахолат дар умури дохилии Хуросони Бузургро намедод ва дар асл ӯ вилоятҳои зертобеи худро мустақилона идора мекард.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2025 · № 3 (43)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА