Central AsianResearch Index

ҶАБҲАҲОИ НАЗАРИЯВИИ АРЗЁБИИ РЕЙТИНГИ ТАШКИЛОТИ СУЃУРТА

Суғурта яке аз намудҳои муносибатҳои иқтисодӣ ва қисми асосии бахши анъанавии иқтисод буда, вазифаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодиро иҷро мекунад. Дар мақола нақш ва аҳаммияти бозори суғурта дар бахши иқтисодиёт, зерсохтори бозори суғурта , аз ҷумла хадамоту агентиҳои амаликунандаи хизматрасонии иттилоотию машваратии суғурташавандагон мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Муаллиф таъкид менамояд, ки ҳангоми муайян намудани феҳристи ширкатҳое, ки барояшон рейтинг тартиб дода мешавад, риояи принсипи саҳеҳият аҳаммияти басо муҳим дорад. Ҳамчунин, дар мақола муаллиф мавқеи рейтингро ҳамчун арзёбии маҷмуии вазъи ташкилоти суғурта баррасӣ намуда, ҳашт нишондиҳандаи устувориву суботи молиявии ташкилоти суѓуртаро асоснок кардааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4.1 (38)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет