Central AsianResearch Index

АҲМАДҶОНИ РАҲМАТЗОД ВА СУННАТИ ДОСТОННАВИСӢ ДАР АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК

Достонҳои Аҳмадҷони Раҳматзод аз ҷиҳати мавзӯиву ҳунарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Таъкид гардидааст, ки достонҳои Аҳмадҷони Раҳматзод то имрӯз ба таври алоҳида омӯхта нашудаанд, ҳарчанд онҳо дар адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи намоёнро касб кардаанд, аммо то ҳол таваҷҷуҳи зарурӣ дар адабиётшиносӣ ба онҳо зоҳир нагардидааст. Барои омӯзиш достонҳои Аҳмадҷони Раҳматзод аз ҷиҳати мавзӯву мундариҷа ба чор гуруҳ тақсим карда шудаанд. Гуфта шудааст, ки шоир дар нахустин давраҳои ба доираи адабӣ қадам гузоштанаш ба достоннависӣ шуғл варзида, ин пешаи пурмашаққати адабиро то имрӯз идома дода истодааст. Хулоса шудааст, ки Аҳмадҷони Раҳматзод дар тасвири симоҳои барҷастаи илму адаб, инъикоси ҳодисаву воқеаҳои мудҳиши солҳои навадуми асри ХХ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ , ваҳдату иттиҳоди мардум ва болоравии ҳуввияту худшиносии он маҳорати баланд нишон медиҳад.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 96, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП