Central AsianResearch Index

АҲАММИЯТИ МАВОДИ БОЙГОНИҲОИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОМӮЗИШИ ТАЪРИХИ НАВТАРИНИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақола зарурати омӯзиши маводи бойгониҳои минтақавии ҷумҳурӣ, ки то ба имрӯз аксаран мавриди таҳқиқоти илмӣ қарор нагирифтаанд, ба миён гузошта шудааст. Муаллифон қайд менамояд, ки мутаассифона, олимони соҳаи таърихи ватанӣ ба ин масъала аҳаммият надодаанд. Ҳол он ки маводи нодире, ки дар бойгониҳои минтақавии шаҳрҳои Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Кӯлоб, Ҳисор ва ноҳияи Рашт мавҷуданд ба таври бояду шояд то имрӯз мавриди омӯзиши муаррихон қарор нагирифтааст. Муаллифон қайд менамояд, ки бахусус маводи ба фаъолияи кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳо тааллуқдошта хеле арзиши баланд доранд. Қайд мешавад, ки маводи марбут ба замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ қариб тамоман омӯхта нашудааст. Ба риштаи таҳқиқ кашидани ин маводи нодир барои пурра намудани таърихи Тоҷикистон дар замони Шуравӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳад намуд. Далелҳои пешовардаи муаллиф зарурати омӯзиши маводи бойгониҳои мазкурро собит месозанд.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2025 · № 3 (43)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА