Central AsianResearch Index

АҲАММИЯТИ ИЛМӢ ВА АРЗИШИ АДАБИИ "СИРРИ НАЙ"-И АБДУЛҲУСЕЙНИ ЗАРРИНКӮБ

Мақолаи мазкур ба баррасиву таҳлили мавзуии яке аз муҳимтарин асарҳои маснавишиноси эронӣ Абдулҳусейни Зарринкӯб -“Сирри най” (иборат аз ду ҷилд) бахшида шудааст. “Сирри най” дар кишварҳои форсизабон, аз ҷумла дар Эрон мавриди алоқаи аксар адабиётшиносони доираи мавлавипажӯҳӣ буда, аз тарафи муҳаққиқони номвари эронӣ Абдулкарими Суруш, Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ ва дигарон баҳои баланд гирифтааст . “Сирри най” асарест, ки дар адабиётшиносии тоҷик бори аввал аз тарафи муаллиф ба риштаи таҳқиқ кашида шуда, 16 фасли он бо фарогирии 399 зерфасл аз лиҳози мавзуъ, мундариҷа ба таври фишурда муаррифӣ ва бозгӯ шудаанд. Муаллиф зимни таълифи мақола бештар ба баёни мундариҷа ва хусусиятҳои илмиву адабии “Сирри най” таваҷҷуҳ зоҳир карда, хусусиятҳои муҳими ҳар як фаслро бо назардошти мавзуоти зерфаслҳо, ки манзараи умумии мазмуни асарро инъикос мекунанд, бозрасӣ намудааст. Ҳамзамон вижагиҳои ҳунари нависандагии мунаққиду шореҳи муосири “Маснавии маънавӣ” Абдулҳусейни Зарринкӯб дар навиштани ин асари гаронбаҳо аз назари берун намондааст. Дар баррасии мавзуъ ва мундариҷаи “Сирри най” аз усули таҳқиқи профессор Абдулманнон Насриддинов истифода бурда, аз равиши нақди худи Абдулҳусейни Зарринкӯб ҳам баҳраманд гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан