АҲАМИЯТИ ТАЪСИСИ ҲАМКОРИҲОИ ШАБАКАВӢ ДАР КОРХОНАҲОИ ХУРДИ КИШОВАРЗӢ
Равандҳои иттилоърасонӣ, ҷаҳонишавӣ ва наздиксозии фосилаҳо боиси пайдоиши ҳамгироиҳои шабакавӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ гардидааст, аз он ҷумла дар кишоварзӣ. Фаъолияти ҳамгирои шабакавӣ дар раванди фаъолияти хоҷагидории субъектҳои хоҷагидорӣ ва ҳамгироии онҳо ба шакли боз ҳам самаранок мубаддал гардидааст. Қатъи назар аз он ки ҳамгироиҳои шабакавӣ дар байни ҷомеа ба наздикӣ арзи вуҷуд намудаанд, аҳамияти онҳо дар даҳсолаи охир дар робита бо ворид гардидани онҳо ба ҳаёти иқтисодии ҷамъият зуд боло рафтааст. Дар заминаи таҳқиқи таҷрибаи мамлакатҳои дар самти бунёди ҳамкориҳои шабакавии корхонаҳои хурди кишоварзӣ пешрафта муаллиф кӯшиш намудааст, ки роҳҳои таъсиси шакли муосири ҳамкориҳои шабакавии корхонаҳои хурди кишоварзиро таҳқиқ намуда, пешниҳодҳои илман асоснокро коркард намояд. Дар ин мақола вобаста ба шароити мусоиди ноҳияи Рӯдакӣ, дар таҳқиқот маҳз маълумоти ноҳияи мазкур мавриди истифода қарор гирифта, муаллифон дар самти рушди ҳамгироиҳо дар соҳаи кишоварзӣ бунёди кластерҳои агросаноатиро муҳим арзёбӣ намудаанд ва ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои мавҷуда амалӣ намудани як қатор тадбирҳоро зарур шуморидаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 4 (28)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет