АҲАМИЯТИ МӮҲРҲОИ ШОҲОНИ ТОИСЛОМӢ ДАР ШИНОХТИ АНВОИ НОМАҲО
Дар хусуси мӯҳрҳои шоҳони тоисломии Эрон бисёре аз манобеи қарнҳои нахустини исломӣ иттилоъ додаанд, ки «Китоб-ул-вузарои ва-л-куттоб»и Ҷаҳшиёрӣ, «Муруҷ-уз-заҳаб»и Масъудӣ, «Ахбор-ут-тивол»и Динаварӣ, «Футуҳ-ул-булдон»и Балозурӣ, «Таърихи Табарӣ» -и Балъамӣ, «ал-Феҳрист»-и Ибни Надим ва осори Ибни Муқаффаъ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Бино ба ахбори манобеи мазкур аксари шоҳони тоисломии Эрон, аз ҷумла Ҷамшед ва Хусрави Анӯшервонро чаҳор мӯҳр буда ва ҳар як мӯҳр махсуси умуре будааст. Хусрави Парвизро нуҳ ангуштар буд ва ҳар кадом мӯҳри махсус дошт. Мӯҳрҳои шоҳони тоисломӣ, махсусан мулуки аҳди Сосониён, аз ҷиҳати сохт, нақшу тасвир ва катиба аз ҳам фарқ мекарданд. Мӯҳрҳои шоҳони Порс дар дасти соҳиби зимом, яъне масъули дафтари дахлу харҷ буд ва ҳар як номаҳои девонӣ ва фармонҳои подшоҳ баъд аз таҳриру покнавис ва бо нусхаи асл татбиқ намудан дар ҳузури шоҳ ё шахси бовариноки ӯ мӯҳр карда мешуд. Ба ҳар як даста аз фармонҳо ва мактубот, ки аз дабирхонаи шоҳӣ содир мегашт, мӯҳри махсус гузошта мешуд ва номаи бемӯҳр назди мулук ва дабирони сосонӣ арзише надошт. Аз хулосаҳои илмии муаллифи мақола равшан мешавад, ки омӯзиш ва таҳқиқи мӯҳрҳои шоҳони тоисломӣ на танҳо ҷиҳати шинохти фармонҳо ва девонҳои тоисломии Эрон, балки ҷиҳати шинохти анвои номаҳо, расму оини номанигорӣ ва мақоми табақоти дабирони девон аҳамияти беназир доранд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · Т. 92, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП