Central AsianResearch Index

Натиҷаҳои муолиҷаи этиотропии мардони гирифтори бемории хламидиози урогениталии музмин

Мақсади таҳқиқот - беҳтар гардонидани натиҷаҳои муолиҷаи хламидиози урогениталии музмин дар байни мардон.Мавод ва усули таҳқиқот. 90 нафар мардони гирифтори бемории хламидиози урогениталии музмин мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Бо назардошти усулҳои истифодашудаи муолиҷаи маҷмӯии беморон онҳо ба 3 гурӯҳ тақсим карда шуданд. Беморон аз гурӯҳи якум (n=30) муолиҷаи этиотропиро бо антибиотики азитромитсин, гурӯҳи дуюм (n=30) муолиҷаи этиотропӣ + иммуно-стимулятори тимоген ва гурӯҳи сеюм (n=30) муолиҷаи этиотропӣ + иммуно-стимулятори тимогар қабул карданд. Натиҷаҳои таҳқиқот. Дар қиёс бо гурӯҳи назоратӣ микст-инфексия ва простатити музмин 1,4 маротиба бештар вомехӯранд. Муолиҷаи этиотропӣ дар 22 (73,3%) нафар бемори хламидиози урогениталии музмин натиҷаи мусбӣ дод. Натиҷаи манфӣ аз муолиҷаи этиологӣ дар 8 (26,7%) бемор мушоҳида карда шуд. Натиҷаи муолиҷаи маҷмӯӣ бо истифодаи иммуностимулятори тимоген аз он шаҳодат медиҳад, ки дар 26 (86,7%) бемор натиҷаи мусбӣ ба даст омад. Муолиҷаи маҷмӯӣ бо истифодаи тимогар бошад дар 27 (90,0%) бемор самарабахш буд.Хулоса. Муолиҷаи этиотропӣ ва иммуностимулярӣ бо истифодаи тимоген/тимогар ҳангоми хламидиози урогениталии музмин дар мардони бемор самарабахш мебошад.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 3, № 1, С. 18
Язык
Таджикский
ISSN
2707-5265
Издатель
Ассоциация общественного здравоохранения Таджикистана
Аффилиации
Medical College of the City of Vahdat
Scientific Research Institute of Obstetrics, Gynecology and Perinatology of Tajikistan
Tajik Research Institute of Preventive Medicine