Паҳншавии гелминтозҳои рӯдавии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақсади таҳқиқот. Омӯзиши басомади гирифторшавии кӯдакон ба гелминтозҳои рӯдавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавод ва усулҳо. Таҳқиқот роҷеъ ба паҳншавии бемориҳои гелминтӣ дар байни кӯдакони минтақаҳои шаҳрӣ ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмоишгоҳҳои паразитология ва иммунологияи Пажӯжишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон дар тӯли солҳои 2019-2023 анҷом дода шудааст. Натиҷаҳо. Дар минтақаҳои шаҳрии Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи гирифторшавӣ ба аскаридоз дар байни кӯдакон дар сатҳи хеле баланд боқӣ монда, тамоюли камшавӣ ба ҳадди 1,2 маротиба ба қайд гирифта шудааст, нишондиҳандаи панҷсола бошад -17,6% ташкил медиҳад. Таҳлили нишондиҳандаи тамоюли таназзули бемории аскаридоз дар манотиқи деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз соли 2019 то соли 2023 нишон медиҳад, ки тамоюли пастшавӣ - 19,6% мебошад. Гирифторшавӣ ба энтеробиоз дар соли 2019, яъне 228,3 (8066 кӯдак) буд, ки дар тӯли панҷ сол ин нишондод 1,4 маротиба ва дар соли 2023 бошад, 158,4 ба 100 ҳазор кӯдакро ташкил дод, шумораи умумии беморон дар тӯли панҷ сол 2268 ҳолат кам шуда, сатҳи беморшавӣ дар шаҳрҳо -23,1% ва дар деҳот - 30,6 фоизро ташкил дод. Ҳангоми гименолепидоз тамоюли таназзули беморшавӣ ба назар расида, сатҳи гирифторшавӣ дар деҳот то 34,2% ва дар шаҳрҳо 39,1% коҳиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ таҳлили сатҳи гирифторшавӣ ба аскаридоз, энтеробиоз ва гименолепидоз дар байни сокинони шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон динамикаи якхелаи нишондиҳандаҳоро муқаррар намуд. Барои ҳар се шакли гелминтозҳо дар солҳои 2019- 2023 коҳиши сатҳи гирифторшавӣ (ба 100 ҳазор кӯдак) ва шумораи беморон мушоҳида мешавад. Хулоса. Бемории гелминтозҳои рӯда (аскаридоз, энтеробиоз ва гименолепидоз) дар байни кӯдакони шаҳру деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз он, ки он дар сатҳи хеле баланд боқӣ мемонад, дар давоми панҷ соли омӯзиш тамоюли назарраси коҳиши он мушоҳида шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 6, № 3, С. 130
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2707-5265
- Издатель
- Ассоциация общественного здравоохранения Таджикистана
- Аффилиации
- Tajik National University
City Clinical Children's Infectious Diseases Hospital (Tajikistan)
Public Health Association of Tajikistan